Апрел 10, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси воми 31 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Анҷумани тавсеаи байналмилали Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи барқрасонӣ дар манотиқи рустоб ҳудуди 31 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Ба гузориши “Форс”, ин маблағ барои барқрасонӣ ба 61 рустои устони Бадахшон ва 74 рустои устони Хатлони ин кишвар ҳазина мешавад.

Ҳудуди 31 ҳазор нафар сокинони устони Хатлон ва 11 ҳазор нафар аз сокинони устони Бадахшони Тоҷикистон аз тарҳи барқ баҳраманд мешаванд.

Дар чорчӯби ин тарҳ сохти зерсохтҳо барои тавлиди барқ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи обӣ, насби генераторҳои бодӣ ва панелҳои хуршедӣ, эҳдоси зерсохтҳои тавзеи барқ, аз ҷумла хутути барқ, трансформаторҳо, контури барқ пешбинӣ шудааст.

Ин тарҳ ҳамчунин шомили кумакҳои фаннӣ ба ширкати «Помир энержӣ» барои эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар устони Бадахшони Тоҷикистон аст.

Муддати иҷрои тарҳ 5 сол буда ва қарор аст то соли 2025 мелодӣ ба таври комил иҷро шавад.