Апрел 10, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  •  Қуръакашии мусобиқоти футболи қаҳрамонии Тоҷикистон

Тимҳои футболи Тоҷикистон ҳарифҳои худро дар лиги ҷадиди кишвар шинохтанд.

Ба гузориши сомонаи лиги футболи Тоҷикистон, 12 тим барои ширкат дар фасли ҷадиди лиги футболи Тоҷикистон ҳузур доранд.

Қуръакашӣ дар дафтари федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар фасли ҷадиди лиги дастаи аввал, ки дар ду давра баргузор мешавад, Панҷшер (Ҷалолиддини Балхӣ), Саройкамар (Панҷ), Эсхата (Хуҷанд), Исфара (Исфара), Равшан (Кӯлоб), Шоҳмансур (Душанбе), Барқчӣ (Ҳисор), Ваҳдат (Ваҳдат), Ҳулбук (Восеъ), Моҳир (Ёвон), Равшан (Зафаробод) ва Ҳосилот (Фархор) аз тимҳои ширкаткунанда дар ин мусобиқот ҳастанд.

Ин мусобиқот дар даҳаи дувуми апрел оғоз мешавад.