Хисороти фаровони барфи ахир ба кишоварзони Тоҷикистон
(last modified Fri, 10 Apr 2020 16:27:37 GMT )
Апрел 10, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Хисороти фаровони барфи ахир ба кишоварзони Тоҷикистон

Бориши барфи ахир ба кишоварзони тоҷик дар устонҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии марказии Тоҷикистон хисороти фаровони молӣ ворид кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ноҳияи Восеи устони Хатлон барфи ахир муҷиби шикаста шудани 30 дарсад аз дарахтони боғот, тахриби гулхонаҳо ва мазореи кишти пахта шудааст.

Муҳаммад Мирзоев, яке аз масъулони кишоварзии ин ноҳия мегӯяд, ки ҳар як кишоварзи ин минтақа мутаҳаммили хисорати 30 то 40 ҳазор сомонӣ шуда ва намедонанд вомҳои бонкии худро чӣ гуна пардохт кунанд.

Дар навоҳии Шаҳри нав ва Турсунзода, дар маркази Тоҷикистон низ ниме аз гулхонаҳои кишти помидор ва бодиринг нобуд шудааст.

Ҳамчунин ба боғоти зардолу, гелос ва себи шукуфакарда хисороти сангин ворид шудааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кард, ки дар рӯзҳои наздик мизони хисороти ворида аз барфи ахир ба бахши кишоварзии ин кишварро мушаххас хоҳад кард.

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси бахши кишоварзии Тоҷикистон муътақид аст, ки бояд помидор ва бодирингу сабзиҷот дубора кишт шавад.

Аммо хисороти барфи ахир ба гулхонаҳои сир, пиёз ва бархе аз анвои  сабзиҷот камтар аст.

 Вай мегӯяд, ки ба таври қатъӣ ин хисорот муҷиби гарон шудани қимати анвои мева дар Тоҷикистон хоҳад шуд.