Даъвати мардуми Тоҷикистон барои иқомаи намоз дар хонаҳо
Бо вуҷуди бозкушоии масоҷиди Тоҷикистон, дар хутбаҳои намози ҷумъа аз мардум хоста шуда, ки намозҳои худро дар хонаҳо иқома кунанд.
Ба нақл аз сомонаи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон, имомони намози ҷумъа рӯзи 10 апрел дар масоҷиди саросари Тоҷикистон аз мардум хостанд, ки намозҳои худро барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус дар хонаҳо иқома кунанд.
Онҳо ба ин нукта ишора кардаанд, ки дар бештари кишварҳои исломӣ ба далели густариши коронавирус, иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масоҷид мамнӯъ шуда, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҳифзи саломатии мусалмонон будааст.
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард:
Ба иллати душворие, ки зиддиуфунӣ кардани масоҷид қабл ва пас аз ҳар намоз дорад, беҳтар аст, ки мардум намозҳои худро дар хонаҳо иқома кунанд.