Апрел 11, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи яке аз сокинони шаҳри Турсунзода ба далели баргузории маросими арӯсӣ

Додгоҳи шаҳри Турсунзода яке аз сокинони ин минтақаро ба далели баргузории маросими арӯсӣ ҷарима кард.

Ба нақл аз Азия Плюс ва Маркази матбуотии дафтари додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳикматулло Болтаев 24 январ аз соати 17:00 бо ҳузури ҳудуди 35 меҳмон маросими арӯсӣ баргузор кард.

Ӯ рӯзи баъд низ маросимро аз 16:00 то 19:00 баргузор кард.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Ҳикматулло Болтаевро ба иллати  нодида гирифтани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон  5800 сомонӣ ҷарима кард.