Тавзеҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи парвандаи фиребкорӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи парвандаи фиребкорӣ бо ваъдаи ҷои кор дар Аврупо тавзеҳоте дод.
Ин парванда марбут ба масъулони ширкате аст, ки бо ваъдаи ҷои кор дар Аврупо 80 шаҳрванди Тоҷикистонро ба маблағи умумии 661 ҳазор сомонӣ фиреб додаанд.
Ба нақл аз Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ин робита 5 муттаҳам боздошт шуданд, ки 3 тани онҳо тоҷик ва 2 тани дигар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех ҳастанд.
Бар асоси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сармуҳосиби ширкати "Гардуна” Тоус Хушқадамова ба иттиҳоми фиребгарии 80 шаҳрванди Тоҷикистон ва дарёфти ҳазору 100 то 1 ҳазору 500 доллар аз онҳо ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, ҳамчунин Бахтиёр Арабов корманди ин ширкат ҳам ба иттиҳоми мушобеҳ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд, аммо роҳбари ширкати "Гардуна" Тоҳир Рустамов ва ҳамин тавр, ду шаҳрванди дар ин "тиҷорат” шарики Чех Васлав Скоҳоутил ва Алан Мюллер тарки Тоҷикистон кардаанд ва таҳти ҷустуҷӯи полиси байналмиллалӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки ширкати ёдшуда ба баҳонаи эъзоми неруҳои кор аз Тоҷикистон ба хориҷ дар соли 2018 аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дарёфт карда ва ба мутақозиён ваъдаи шуғли муносиб, зиндагӣ дар хобгоҳ ва ғизо дар Ҷумҳурии Чех дода буд.