Апрел 12, 2020 11:20 Asia/Dushanbe
  • Роҳхатти ширкат дар бозиҳои олимпӣ бо талоши варзишкорони тоҷик

Комиссиони варзиши Кумитаи байналмиллалии олимпӣ эълом кард: Варзишкорони тоҷик барои дарёфти роҳхатти ҳузур дар бозиҳои олимпӣ ба мусобиқоти худ идома медиҳанд.

Ба нақл аз Спутник, ҳудуди 1600 варзишкор аз 185 кумитаи миллии олимпии кишварҳои мухталиф ва варзишкорони паноҳанда, ки зери назари барномаи ҳамбстагии олимпӣ роҳхатҳои ҳузур дар ин бозиҳоро дарёфт карданд, то замони бозиҳои олимпии Токио, ки қарор аст аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор шавад, аз ҳимоятҳои Кумитаи байналмиллалии олимпӣ бархурдор хоҳанд буд.

Кристиян Кавентрӣ, раиси Комиссиони варзиши Кумитаи байналмиллалии олимпӣ гуфт: Ин хабари бисёр хубе барои варзишкорони саросари ҷаҳон аст.

Бозиҳои олимпии тобистонӣ аз 23 июл дар Токио оғоз мешавад тағйири замони бозиҳои олимпӣ то соли 2021 ҳудуди 2 миллиарду 700 миллион доллар барои баргузоркунандагон ҳазина дорад.

Будҷаи олимпӣ барои декабри 2019 ҳудуди 12 миллиарду 600 миллион доллар буд, ки пас аз  ақиб афтодани маросим ба замони дигар баргузоркунандагон ҳудуди 15 миллиард доллар барои ин рақобатҳо ҳазина карданд.