Иҷрои тарҳи обрасонӣ дар Данғара
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52646-Иҷрои_тарҳи_обрасонӣ_дар_Данғара
Тарҳи обрасонӣ ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба зуддӣ оғоз мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  •  Иҷрои тарҳи обрасонӣ дар Данғара

Тарҳи обрасонӣ ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара ба зуддӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши Спутник, сармоягузорони хориҷӣ чигунагии иҷрои тарҳи 3 миллион доллариро дар Данғара баррасӣ мекунанд.

Мақомот бо ду сармоягузор барои таъмини эътибор ва иҷрои тарҳ дар ҳоли ройзанӣ ҳастанд.

Ин тарҳи умронии обрасонӣ ба тӯли 15 километр ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара аст.

Бо иҷрои ин тарҳ, 8 ҳазору 500 нафар аз сокинони ин минтақа аз оби ошомидании солим баҳраманд мешаванд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки сохти полоишгоҳи нафти Данғара низ ба поён расидааст, ин полоишгоҳ метавонад солона 500 ҳазор тон нафтро полоиш кунад.