Апрел 14, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои медал ба сарбозони ширкаткунанда дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар минтақаи Суғд

5 собиқадори минтақаи Ҷаббор Расулов ба муносибати 75 солагии пирӯзи дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо медалҳои “75-солагии Ғалаба” қадрдонӣ шуданд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, медалҳои ҷашниро ба собиқадорон Мирзоалӣ Иброҳимов ва Дастур Мансуров, ҳар ду 99-сола, Раҳимбой Раҳматови 97-сола, Қамбар Хайбарови 96-сола ва Маъмур Аҳмадови 95-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов супурданд.

Андрей Варламов дар ин маросим қайд кард, ки “бо баҳои талафоти зиёд ва ҷасорату қаҳрамонии бемисли мардуми шӯравӣ фашизм мағлуб карда шуд”.

Ӯ афзуд: “Бобою бобокалонҳои мо барои Ғалаба мубориза бурданд, то ки имрӯз мо осоишта зиндагӣ кунем.

Сипас барои собиқадорон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ин ноҳия 2372 нафар ба ҷанг даъват шуда, 806 нафар ҷанговарон ба хонаҳояшон баргаштанд ва 1566 нафар ҳалок ё бе ному нишон шуданд.

Дастур Мансуров дар 10 декабри 1920 ба дунё омад. Ў ба унвони сарбози маъмулӣ хидмат мекард. Ба вай медалҳои Ҷанги ҷаҳонии дуввум ва дараҷаи ду, медали Жуков, медал "Барои пирӯзӣ бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  1941 то 1945" ва ҳамчунин медалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эъто шуд.

Мирзоалӣ Ибрагимов дар 2 апрели 1921 ба дунё омад. Ӯ ҳам дар ҷанг сарбози маъмулӣ буд. Ба вай аҳкоми дараҷаи дувуми Ҷанги ҷаҳонӣ ва ҳамчунин медалҳои солрӯзи  Ғалаба эъто шуд.

Раҳим Бойраҳматов дар 23 феврали 1923 ба дунё омад. Вай дар ҷанг дар тупхона хидмат кард. Ба вай аҳкоми дараҷаи дуввуми Ҷанги ҷаҳонии дуввум, медали Жуков, медал "Барои пирӯзӣ бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941 то 1945", медалҳои ёдбуде "Ба ифтихори 75-умин солгарди озодсозии Ленинград аз муҳосираи фашист", ва ҳамчунин медалҳои солгарди Ҷанги ҷаҳонии дуввум эъто шуд.

Қамбар Хабиров дар 10 феврали 1924 ба дунё омад. Ў ҳам дар ҷанг сарбози маъмулӣ буд ба вай аҳкоми дараҷаи дувуми Ҷанги ҷаҳонӣ ва  ҳамчунин медалҳои солгарди Ҷанги ҷаҳонии дуввум эъто шуд вай дар набарди Сталинград ва набардҳое барои озодии Украина ширкат кард.

Ва Маъмур Аҳмадов дар 15 ноябри 1924 ба дунё омад. Ба вай медали дараҷаи дуввуми Ҷанги ҷаҳонии дуввум, медали Жуков, медали "70 сол раҳоии Украина аз ишғолгарони нозӣ" ва ҳамчунин медали солгард Ҷанги Бузурги Ватанӣ эъто шуд.