Афзоиши маоши иловагӣ барои табибони шоғил дар марказҳои карантин
Давлати Тоҷикистон ба пизишкони шоғил дар марказҳои карантин маоши иловагӣ мепардозад.
Ба нақл аз Ховар, ин хабарро Насимҷон Олимзода- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт: Онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.тин пурра бо лавозимот ва ашёҳои инфиродии ҳифзкунандаи яккарата, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ, респираторҳо, сипарҳои ҳифзкунандаи рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои тиббии яккарата, комбинезонҳо, пешдоманҳои яккарата, дастпӯшакҳои тамйизгардонда, пойафзолҳои муҳофизатии обногузар, маҷмӯи ашёҳои санитарию гигиенӣ ва ғайра таъмин карда мешаванд.
Насимҷон Олимзода ҳамчунин гуфт, ки дар назди вазорат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Маркази миллии иттилоотии (Call-center) зиддибуҳронии пахши мустақим (онлайн) ташкил ёфтааст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст. Масъулони он тайёранд, ки ба ҳама гуна саволи шаҳрвандони кишвар ҷавоби мушаххас диҳанд.