Апрел 15, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Баррасии саҳми бонувони тоҷик дар рушди илмҳо дар Фарҳангистони илми Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи илм дар Тоҷикистон, ки ҳамасола дар моҳи апрел таҷлил мегардад, нишасте таҳти унвони "Саҳми бонувони тоҷик дар рушди илм" дар Фарҳангистони илми ин кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз Ховар, Фрҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони илми Тоҷикистон фарорасии Рӯзи илм дар ин кишварро ба донишмандон ва муҳақиқон ва кормандони марказҳои лмии ин ҷумҳурӣ табрик гуфт.

Дар ин нишаст Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кард, ки беш аз 148 нафар бонувон, ки дорои дараҷаи илмии докторӣ мебошанд дар бахшҳои мухталифи илмҳои табиӣ  фаолият мекунанд.

Вай хостори таваҷҷуҳи бештари бонувони донишманди тоҷик ба илмҳои табиӣ  шуд, ки бар асоси барномаи 20 солаи ҳукумати Тоҷикистон бояд ин кишвар ба марҳилаи ҷадиде аз рушди риёзӣ, физика ва химия даст ёбад.

Дар ин нишаст кормандони масъули ниҳоди раёсатҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии умури бонувон ва хонавода, раисон ва мақомоти донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳҳои афзоиши саҳми бонувон дар рушди илмҳои табиӣ  дар ин кишварро пешниҳод карданд.

 

Барчасп