Апрел 15, 2020 11:36 Asia/Dushanbe
  • Шикояти сокинони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон аз лимити барқ

Сокинони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон аз иҷроии маҳдудияти интиқоли барқ шикоят мекунанд, ки масъулон ин мавзӯъро ба баргузории корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ нисбат медиҳанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, сокинони минтақаҳои шимол, ҷануб ва маркази Тоҷикистон аз оғози лимити барқ шикоят мекунанд, ки чанд рӯз аст бидуни иттилоърасонии пешакӣ ба муштариён иҷроӣ шудааст.

Сокинони навоҳии вилояти Суғд эълом кардаанд, ки интиқоли барқ ба хонаҳои онон аз соати 23 шаб то 5 субҳ қатъ мешавад.

Инчунин дар 15 рустои бузурги ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аз саоти 8 субҳ то соати 20 шаб интиқоли барқ мутаваққиф мешавад.

Дар ноҳияи Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон низ 10 рӯз аст, ки интиқоли барқ тайи соатҳое рӯзона ва шабона қатъ мешавад .

Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ бо мақсади саривақт омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими киштукор да шимоли Тоҷикистон ин вазъ пешомадааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, котиби матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки далели асосии қатъи барқ, корҳои таъмирӣ дар хатҳои баландшиддат, зеристгоҳҳои барқӣ мебошад, ки бояд барои фаолият дар фасли баҳор омода шавад.

Дар Тоҷикистон пас аз бист сол маҳдудияти интиқоли барқ ба бахшҳои хоноагӣ ва санотӣ аз соли 2018 лимити барқ ба поён расида буд, ки дар баҳори соли равон аз сар гирифта шуд.

 

 

 

 

Барчасп