Гузинаҳои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52713-Гузинаҳои_интиқоли_қудрат_дар_Тоҷикистон
Дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон аз чанде қабл дар мавриди талоши раисҷумҳур барои интиқоли мустамари қудрат ба писари худ сухан меравад.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Апрел 15, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Гузинаҳои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон

Дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон аз чанде қабл дар мавриди талоши раисҷумҳур барои интиқоли мустамари қудрат ба писари худ сухан меравад.

Ба гузориши “Форс”, Рустами Эмомалӣ, сиёсатмадори 32 сола ва писари раисҷумҳури феълии кишвар тайи як муддати кӯтоҳ масири пешрафтро то курсии сенаторӣ дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон тай кард.

Дар ояндаи наздик нахустин нишасти парлумонии ҷадиди Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар чорчӯби он сенаторҳо, раис ва муовинини онро интихоб мекунанд.

Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки раёсати Маҷлиси миллӣ ба Рустами Эмомалӣ вогузор шавад.

Бар асоси риволи мавҷуд, моҳи ноябри соли 2020 –и мелодӣ интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бо вуҷуди ин ки бар асоси тағйироти анҷомшуда дар қонуни асосии ҷумҳурӣ аз соли 2016 –и мелодӣ раисҷумҳур аз ҳаққи таҷдиди интихоби номаҳдуд бархурдор аст, зоҳиран Раҳмон мехоҳад дар ин марҳала бо омодагии комил аз қудрат канор биравад.

Пас аз ин ки Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аз симати худ истеъфо дод, Эмомалӣ Раҳмон ба унвони танҳо раисҷумҳури баландмуддат дар Осиёи Марказӣ боқӣ монд. Вай 25 сол аст, ки раёсатҷумҳуриро ба ӯҳда дорад.

Бо вуҷуди ин, дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон аз чанде қабл дар мавриди талоши раисҷумҳур барои интиқоли мустамари қудрат ба писари худ сухан меравад.

Интисоби Рустам Эмомалӣ ба унвони сенатор шояд бахше аз ин барнома бошад.

Бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон, ин дувумин симат дар силсиламаротиби кишвар аст.

Ҳамчунин дар шароити изтирорӣ вазоифи раисҷумҳурро маҷлиси миллӣ анҷом медиҳад.

Убайдуллоев сиёсатмадори то андозае таъсиргузор, ҳамчунин монанди раисҷумҳур намояндаи силсилаи Кӯлоб аст, аммо вай аҳли Данғара нест, балки Фархор аст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоҳ аф аввал аз симати шаҳрдори Душанбе канорагирӣ кард ва акнун эҳтимол дорад сандалии раиси Маҷлиси миллиро низ холӣ кунад.

Бинобар ин шароит, пешниҳоди Убайдуллоев мабнӣ бар доимӣ кардани фаъолияти Маҷлиси миллӣ таҳаққуқ меёбад, вале ин амр дар замони раёсати вай иҷро намешавад.

Духтари бузурги Раҳмон дар ҳоли ҳозир раиси дафтари раёсатҷумҳурӣ ва писари бузурги вай шаҳрдори Душанбе аст.