Апрел 15, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти дучархасавории гиромидошти ҷумҳурӣ дар Хуҷанд

Баргузории мусобиқоти дучархасавории гиромидошти ҷумҳурӣ дар Хуҷанд

Ба гузориши сомонаи варзишии Тоҷикистон ва “Азия плюс”, ҳудуд 60 варзишкор аз манотиқи Хатлон , Суғд ва шаҳри Душанбе дар чаҳор радаи синнӣ дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Ба барандагони ин мусобиқа бо эҳдои нишон ва лавҳи сипос қадрдонӣ шуд.

Ба гуфтаи Озодхон Давлатшоев, раиси Федератсияи дучархасаворон ва мудири ширкати мухобиротии Tcell –Тоҷикистон, барои ин ширкат ҳимоят аз рӯйдодҳои варзишӣ ҷойгоҳи муҳиме дар роҳбурди масъулияти иҷтимоӣ дорад.

Ӯ гуфт, ин ширкати мухобиротӣ бо ҳимоят аз арзишҳои сабуки зиндагии солим, ҳимоят аз баргузории мусобиқоти варзишӣ, ба тақвияти як миллати солим кумак мекунад.