Апрел 16, 2020 09:43 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби ислоҳоти қонуни ҷурмҳои идорӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳоти қонуни ҷароими идориро тасвиб кард.

Ба нақл аз Спутник, Икром Умарзода муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт ; ин тағийрот марбут ба муҷозоти бегонагон ва афроди бетобеияте аст,ки қавонини вуруд аз минтақаҳои марзӣ ва муқарароти сукунат дар кишварро нақз мекунанд.

Тибқи ин мусаваба муҷозоти атбое,ки барои аввалинбор муртакиби чунин ҷурмҳое шаванд коҳиш ёфт.

Намояндагон тасвиб карданд,ки барои бори аввал ба шахси муҷрим ихтор дода ва ё ҷарима шавад ва дар сурати нақзи муқарари қонун аз кишвар ихроҷ шавад.

Умарзода афзуд ; ин мусаввабот бо ҳадафи тавсиъаи гардишгари дар Тоҷикистон ва ҳамчунин эҷоди шароити матлуб барои ҷазби сармоягузорони хориҷӣ аст.

Илова бар ин, тағийр дар қонуни тахалуфоти идори, зиндагиро барои сокинони минтақаи марзӣе,ки бастагонашон дар он тарафи марз зиндагӣ мекунанд осонтар мекунад.