Апрел 16, 2020 10:32 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон

Раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон телефони гуфтугу карданд.

Ба нақл аз Авесто, Имомалӣ Раҳмон ва Владимийр Путин, дар ин гуфтугуи телефонӣ дар мавриди вазъияти мавҷуди шуюи Карона баҳс ва табодули назар карданд. дар ин муколимаи телефонӣ Имомалӣ Раҳмон аз раиси ҷумҳурии Русия ба хотири ҳимоят ва кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ташакур кард. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар аҳамияти иқдомҳои муштарки бештар барои расондани кумакҳои сариъи мутақобил гуфт ; дар ин замони душвор мо мисли ҳамеша,бояд дар канори якдигар бошем ва ҳамкори кунем. Дар ин чорчуб, тарафайн дар мавриди шароите ,ки дар ҳарду кишвар дар муқобили заминаи таҳдиди ҷаҳонии густариши Карона вуҷуд дорад, иттилоотеро мубодила карданд. Раиси ҷумҳурии Русия ҳам ба густариши робитаҳо чи дар заминаи мубориза бо Карона ва чи масоили дуҷонибаи минтақаӣ ва байналмилаллӣ таъкид кард.