Апрел 16, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Лағви ҷашни Рӯзи пойтахт ба далели пешгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон

Лағви ҷашни Рӯзи пойтахт ба далели пешгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон

Ба далели пешгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи пойтахт дар ин кишвар лағв шуд.

Ба гузориши Спутник, Раҷабалӣ Турсунзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба ҳамагирии корона дар саросари ҷаҳон,тасмим гирифта шуд, ки баргузории рӯйдодҳои мухталифи умумиро маҳдуд кунем, вале агар авзои густариши корона кам шавад, куллияи рӯйдодҳои пешбинӣ шуда ва мусобиқот баргузор мешавад. Ӯ афзуд, Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешуданд.