Апрел 17, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти рӯзноманигори тоҷик ба як соли зиндон

Додгоҳе дар Тоҷикистон як рӯзноманигори ин кишварро ба як соли зиндон маҳкум кард.

Яке аз додгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба иттиҳоми барангехтани нафрати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё мазҳабӣ ба муддати як сол маҳкум ба зиндон кард.

Абдурраҳмон Шарифов, вакили ин рӯзноманигор бо эъломи ин хабар гуфт, муваккилаш феълан қасди шикоят ба додгоҳи таҷдиди назарро надорад, агарчӣ ба таври қотеъ ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ин рӯзноманигори 32 сола 28 январи соли ҷорӣ пас аз эҳзор ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва ҳамон рӯз мақомоти зирабт хонаи вайро бозрасӣ ва компютери Шарифовро бо худ бурданд.

Дар таърихи 30 январ додгоҳи минтақаи Исмоили Сомонӣ ҳукми боздошти Шарифов ба муддати ду моҳро содир кард.

Дар баёнияи Додситони кулли Тоҷикистон гуфта шуда ки дар давраи солҳои 2013-2019 мелодӣ ин рӯзноманигор беш аз 200 мақола ва ёддошти дорои мӯҳтавои ифротӣ бо ҳадафи таҳрики адами таҳаммули мазҳабӣ, тарғиби бартарии бархе шаҳрвандон нисбат ба дигарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кардааст.