Апрел 17, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тибқи назари Созмони Афви Байналмилал

Созмони Афви Байналмилал 16 апрел гузориши ҷадиди худро дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соли 2019-ро эълом кард.

Ба нақл аз яке аз сайтҳои хабарии Осиёи Марказӣ, нависандагони ин гузориш эълом карданд, соли гузашта дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷадиде дар мавриди риояти ҳуқуқи башар тасвиб ва иҷро шуд.

Ва мақомоти ин кишвар ба баҳонаи таъмини амнияти миллӣ ва назми умумӣ, ҳамчунон ба озору азияти фаъолони сиёсӣ, вукалои мустақил, рӯзноманигорон, мудофеони ҳуқуқи башар бо шиддати бештаре идома медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба гузориши фаъолони ҳуқуқи башар посух надодаанд, аммо коршиносони давлати Тоҷикистон гуфтаанд, ки онҳо бо интиқод аз вазъияти ҳуқуқ башар дар ин кишвар мувофиқ нестанд.

Марие Струзерз, мудири Афви Байналмилал дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна гуфт, соли гузашта мардуми ин минтақа, аз ҷумла аз сӯи полис таҳдид ва озору азият шуданд. Ҳамчунин дар ин кишвар озодии баён, баргузории иҷтимооти мусолиматомез маҳдуд шуд, ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нодида гирифта мешавад, марзҳо барои паноҳандагон баста ва табъиз алайҳи занон, ақаллиятҳо ва гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ идома дорад.

Нависандагони баёния эълом карданд, аз эътирозоти минтақаи ваҳдат, кушта шудани ҳадди ақал 14 зиндонӣ замони интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе, сабти 11 мавриди шиканҷа дар семоҳаи аввали соли 2019, боздошти худсрона ва бозгашти иҷборӣ ба Тоҷикистон, фишор ба бастагони фаъолони аҳзоби мухталиф, шароити сахти ваколати Бузургмеҳр Ёров, дастгирим вакил Абдулазиз Абдулҳалимзода, аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини пешини маркази мутолеоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки чунин интиқодоти ғайримантиқӣ дар гузориши Афви байналмилал ба содагӣ қобили қабул нест.

Вай гуфт, ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони онҳо қабл аз ҳар чиз бояд мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аврупоӣ бошад. Зеро авзоъ бо бемории ҳамагири корона дар ҷаҳон нишон додааст, ки кадом кишвар аз мардуми худ муроқибат мекунад ва дар кадом кишвар ҷони мардум беаҳамият аст. Дар бемории корона мақомоти Тоҷикистон иқдомоти лозимро анҷом доданд ва аз ҷамъияти ин кишвар дар баробари ин беморӣ муҳофизат карданд. Ин исботи давлатӣ аст, ки ҷони мардум барои мақомоти он аҳамият дорад.

 Вай гуфт, ин воқеият ҳамчунин собит мекунад, ки дар Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигаре ба мардум аҳамият медиҳад.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ба вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба ин гузориш мувофиқ аст. Вай мегуяд, дар солҳои ахир вукало, рӯзноманигорони мустақил ва созмонҳои мардумниҳод зери фишор ва озору азият қарор гирифтаанд.

Вай гуфт, рӯзноманигорон Хайруллоҳ Мирсаидов ва Далер Шарифов бо ҷинин додрасӣ муҳокима шуданду ба далели фишор ва озору азият, даҳҳо рӯзноманигор аз кишвар фирор карданд.