Апрел 17, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи фавқуллодаи ҳайати давлат дар Тоҷикистон

Ҷаласаи фавқулодаи ҳайати давлати Тоҷикистон бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, дар ин ҷаласа мавзӯоти тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои тарҳи кошти баҳорӣ ва ҳамчунин тадобири пешгирӣ аз бемории корона дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, бояд таваҷҷуҳи вижае ба таҳдиди шуюъи корона дар кишвар шавад.

Бар асоси дастуруламали раисҷумҳур, давлат тарҳи пешгирӣ ва коҳиши хатари таҳдидоти эҳтимолии бемории корона ба иқтисоди кишварро баррасӣ карду барои ин манзур як дафтари марказии доимӣ ташкил шуд.

Раҳмон ҳамчунин ба давлат дастур дод то иқдомоти лозимро барои итминон аз фаъолияти муназзами иқтисод дар муаррифии манобеи эътиборӣ ва молиётӣ барои ҳимоят аз ҳавзаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ, бунгоҳҳои кӯчак ва мутавассит​​, ақшору бахшҳои осебпазири иқтисодро иҷро кунанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дастури афзоиши кишти себзаминиро, ки ба далели коҳиши воридот гарон шуда буд, содир кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, барои истифодаи иқтисодӣ аз буҷа, ҷилавгирӣ аз ҳазинаҳои номуносиб, пардохти комили маош ба мададкорони иҷтимоӣ ва бознишастагон, пизишкон ва танзими бозор ва одисозии нархи арзи миллӣ зарурӣ аст.

Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи аъзои давлатро барои эҷоди фазои муносиби сармоягузории хориҷӣ, пардохти вом ба тавлидкунандагон ва содиркунандагон, итминон аз амалкарди бонкҳо ҷалб кард.