Апрел 17, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Тахмини ҳазинаи мусобиқоти футболи Тоҷикистон аз сӯи коршиносони олмонӣ

Коршиносони олмонӣ ҳазинаи мусобиқоти футболи Тоҷикистонро тахмин заданд.

Ба гузориши сомонаи лиги футболи Тоҷикистон, миёнгини қимати бозикунони лиги бартари Тоҷикистон 20 ҳазор евро ҳазина дорад ва миёнгини синнии як бозикуни футбол ҳудуди 29 сол аст. Коршиносони олмонӣ ҳамчунин ҳазинаи кулли 225 бозикун аз даҳ бошгоҳи Тоҷикистонро 4 миллиону 500 ҳазор евро тахмин заданд. Тибқи муҳосиботи онҳо, як бозикуни мутавассит ​​дар лиги бузурги Тоҷикистон 20 ҳазор евро ҳазина дорад.

Гаронтарин тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2 миллиону 93 ҳазор евро) аст, ки дар он гаронтарин футболистҳои лига бозӣ мекунанд.

Ин бошгоҳ шомили бозикуноне монанди Искандар, Алишер Ҷалилов ва Виктор Свежови рус аст, ки ҳар кадом ҳудуди 300 ҳазор евро дар футбол арзиш доранд.

Тими Хуҷанд ҳам бо арзиши 1 милиону 300 ҳазор евро арзонтарин тими лиги Тоҷикистон аст ва гаронтарин бозикуни тим Фатҳуллоҳ аст, ки қимати он 250 ҳазор евро аст. Тибқи бароварди коршиносони олмонӣ тими Локомотив ва Помир-Душанбе 100 ҳазор евро дар сол ҳазина дорад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони олмонӣ арзонтарин бошгоҳҳои футбол дар Тоҷикистон Файзканд (Восеъ) ва Душанбе - 83 ҳастанд. Бар асоси баровардҳо  солона 25 ҳазор евро барои онҳо ҳазина мешавад.