Иҷроӣ шудани баробарии ҳуқуқи зан ва мард дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон
Раиси Дафтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт : Мутобиқи сиёсати ҷинсиятии давлат ва қонуни асосӣ, баробарии ҳуқуқи зан ва мард бояд дар ҳамаи ҳавзаҳои кишвар иҷроӣ шавад.
Ба нақл аз Спутник, Озода Раҳмон- духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт : Ҳамаи занон ҳамеша беҳтаринро барои фарзандони худ мехоҳанд то инҳо битавонанд солим, шойиста ва таҳсилкарда бошанд.
Вай гуфт: Агар воқеан бихоҳем ба ин ҳадаф даст ёбем, бояд ҳамаи шароити лозимро барои занон эҷод кунем, зеро дар фарҳанги хонаводагии мо, занон бештар дар омӯзиш ва парвариши фарзандони худ саҳим ҳастанд. Вай ҳамчунин афзуд: Ба манзури баланд бардоштани ҷойгоҳи занон дар ҷомеа ва мушорикати бештари онҳо дар мудириятҳои кишвар, имрӯз чандин барномаи давлатӣ иҷро мешавад.