Тамдиди замони номнависии довталабони муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52806-Тамдиди_замони_номнависии_довталабони_муассисаҳои_таълимӣ_дар_Тоҷикистон
Маркази миллии тестии Тоҷикистон муддати замони номнависии довталабони муассисаҳои таълимии кишварро ду ҳафта тамдид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 18, 2020 15:09 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди замони номнависии довталабони муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон

Маркази миллии тестии Тоҷикистон муддати замони номнависии довталабони муассисаҳои таълимии кишварро ду ҳафта тамдид кард.

Ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Миёна, яке аз далелҳои тамдиди замони номнависӣ, эҷоди шароит барои довталабоне аст, ки мутақозии вуруд ба муассисоти омӯзиши олии хориҷӣ ҳастанд, аммо ба далели шуюи корона наметавонанд дар озмун ширкат кунанд.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълом кард: Замони номнависӣ 15 рузи дигар тамдид шудааст.

Шодиниё Абдулбосит, муовини мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон гуфт: Мутақозиёне, ки қаблан номнавис кардаанд метавонанд тахассус, таркиб, забон ё маҳалли имтиҳоноти худро қабл аз 30 апрел тағйир диҳанд.

Ӯ гуфт: Тамдиди давраи номнависӣ барои касоне, ки мехостанд дар муассисоти омӯзиши хориҷӣ таҳсил кунанд низ судманд буд , аммо ба далели шуюи корона наметавонанд ба хориҷ аз кишвар бираванд.

Бар асоси эъломи Вазорати омӯзиш ва илми Тоҷикистон, ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар қолиби тавофуқномаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои дигар кишварҳо таҳсил мекунанд.

Дар як соли гузашта, 5000 тоҷик барои идомаи таҳсил ба хориҷ аз кишвар рафтанд, ки беш аз ниме аз онҳо дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Бештарин мутақозиёни сафарбаршуда ба хориҷ дар риштаҳои пизишкӣ, ҳуқуқ, илмҳои табиӣ, тарбияти ҷисмонӣ, фалсафа ва ҳунар таҳсил мекунанд.