Апрел 19, 2020 08:22 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши равишҳои ташхиси корона барои мутахассисони тоҷик

Созмони ғизо ва доруи Русия аз тариқи видеоконфронс равишҳои ташхис ва дармони беморони мубтало ба коронаро ба теъдоде аз пизишкони тоҷик омӯзиш дод.

Дар ин давраи омӯзишӣ 40 мутахассис аз дигар кишварҳои узви ИДМ низ ширкат карданд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии Созмони ғизо ва доруи Русия, дар ин давраи омӯзишӣ пизишкон, коркунони озмоишгоҳҳо ва мутахассисони марказҳои пажуҳишӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон бо равишҳои ҷилавгирӣ аз густариши корона ошно шуданд.

Дар ин видеоконфронс пизишкони Русия ва мутахассисони кишварҳои ИДМ таҷрибаҳои худро дар бораи шиносоӣ ва дармони беморони коронаӣ дар ихтиёри якдигар қарор доданд.

Пизишкони рус дар бораи иҷрои ғирболгарӣ (муойинаи пешакӣ) аз шаҳрвандон бо машварат аз афроде, ки бо беморони коронаӣ дар тамос буданд, назорат бар вазъияти куллии кишвар, шиносоии манотиқи пурхатару фаолияти озмоишгоҳҳои ташхиси ин беморӣ суҳбат карданд.

Пеш аз ин Вазорати тандурустии Тоҷикистон 8 пизишки тоҷикро бо кумаки ниҳодҳои молии байналмиллалӣ барои ошноӣ бо равишҳои шиносоӣ, пешгирӣ ва дармони корона ба Маскав сафарбар карда буд.