Апрел 19, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои барномаҳои иттилоърасонии мардумӣ дар бораи корона дар Тоҷикистон

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳои иттилоърасонӣ дар бораи бемории коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз Пресс-ТҶ, Умеда Юсуфӣ гуфт: дарсҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар мактабҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон баргузор шуд.   

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон бо таҷҳизоти вижа ба мактабҳо мераванд ва дар якҷо ба онҳо филми омӯзишӣ нишон доданд ва навиштаҳои омӯзишӣ ба онҳо дода шуд.   

Ӯ гуфт :Тоҷикистон дар сурати густариши коронавирус дар ҳоли омодасозии кишвар барои вазъияти фавқулода аст.   

Умеда Юсуфӣ афзуд: Дар синфҳои дарс, кормандони пизишкии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон ба донишҷӯён омӯзиш доданд, ки чигуна аз маҳлули зиддиуфуникунанда истифода кунанд.