Апрел 20, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Кам кардан аз маоши пизишкони тоҷик барои хариди либос ва васоили бемористонӣ

Гурӯҳе аз пизишкони тоҷик дар бемористони марказии шаҳр Душанбе ва марокизи дармонии вилояти Суғд аз кам кардани маблағе аз маошашон барои хариди либос ва васоили лозим ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона хабар доданд.

Ба  нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, теъдоде аз пизишкони бемористони Қарияи болои Душанбе гуфтаанд, ки барои хариди васоили махсуси ҳимоят аз коронавирус - комбинезонҳои селофанӣ ва айнак  200 сомонӣ аз маошашон кам кардаанд.  

Муҳаббат Аюбова- вакили мудофеи саршиноси тоҷик эълом кардааст, ки дар вилояти Суғд низ аз пизишкон хостаанд, ки 150 то 200 сомонӣ аз маоши худро барои харид либос, айнак ва дасткаш ҳазина кунанд.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи моҳиёнаи пизишкон ва кадри дармонӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ночиз мебошад.

Сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ бо ишораи ваъдаи кумаки ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ба маблағи 130 миллион доллар ба Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона ин пурсишро матраҳ кардааст, ки пас ин манобеи молӣ дар куҷо ҳазина мешавад.