Ифтитоҳи панҷумин маркази кумак ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ифтитоҳи панҷумин маркази кумак ба ин ашхос дар ин кишвар дар шаҳри Шёлковои вилояти Маскав хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Иззат Амон гуфтааст, ки бачаҳои дастбахайри тоҷик дар шароити таътилии марокиз саноатӣ ва тиҷории Русия ба далели густариши вируси корона, ки муҷиби бекор шудани садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ шудааст, панҷумин маркази хайрияро барои ҳамватанони хеш дар Шёлковои вилояти Маскав ифтитоҳ карданд.
Қаблан бачаҳои дастбахайри тоҷик барои таъмини ниёзҳои ғизоии коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳрҳои Маскав, Раменское, Троится ва Калуга марокизи мушобеҳро ифтитоҳ карда буданд.
Иззат Амон таъкид кардааст, коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар шароити иҷрои маҳдудияти шадиди равуо ва карантин ба далели густариши вируси корона дар Русия ба сар мебаранд, метавонанд аз ин марокиз маводи ғизоии роягон дарёфт намоянд.
Пеш аз ин низ теъдоде аз хайирони тоҷик садҳо коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ бекор шуда ба далели густариши вируси коронаро бо хобгоҳ ва иштиғол таъмин карда буданд.