Апрел 20, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 34 дарсадии сохти биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон

Сохти хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 34 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши Авесто, дар се моҳаи нахусти имсол дар Тоҷикистон 225 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ баҳрабардорӣ шуд,ки ин мизон нисбат ба соли гузашта 34 дарсад афзоиш доштааст.

Дар се моҳи нахусти имсол фақат дар шаҳри Душанбе 42 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ сохта шудааст.

Биноҳои чандтабақа бештар дар маконҳое, ки системаи фозилоб вуҷуд дорад эҳдос мешавад, аммо фуқдони он, сохту созҳоро дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқи Тоҷикистон сахт мекунад.

Системаи ҷамъоварии фозилоб фақат дар 25 шаҳр ва минтақаи Тоҷикистон иҷро шудааст.