Апрел 20, 2020 19:36 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз куҳнасарбози маҷруҳи баҷомонда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати фарорасидани 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз куҳнасарбози маҷруҳи баҷомонда аз ин ҷанг қадрдонӣ шуд.

Ба гузориши«Азия-Плюс», панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо медалҳои ҷашнии 75-солагии Ғалаба сарфароз гардонида шуданд.

Медалҳои “75-солагии Ғалаба”-ро ба собиқадорон Мирзошариф Ғафуурови 101-сола, Абулло Исмоилов ва Эшбой Умурзоқов, ҳар ду 95-сола, инчунин Аҳмадҷон Ҳобилов ва Абдуҳамид Юлдошев, ҳар ду 94-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фараҳанги Русия дар Хуҷанд Иван Иванов тақдим карданд.

Медалҳоро ба хонаҳои 4 нафари онҳо, инчунин барои собиқадори панҷум ба бемористоне бурданд, ки дар он табобат мегирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 20 ҳазор нафар аз ин ноҳия ба ҷанг даъват шуда, ҳамагӣ наздики 11 ҳазор нафари онҳо ба хонаҳояшон баргаштанд. Паҷн тан аз зодагони ноҳия – Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Фатуҳулло Аҳмедов, Исмоил Ҳамзаалиев ва Раҳимбой Раҳматов ба дарёфти унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд. Аҳмадчон Рӯзиев бо Ордени Шараф қадрдонӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.