Ҷомеаи маданӣ хостори озодии рӯзноманигори зиндонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 21 Apr 2020 08:01:35 GMT )
Апрел 21, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷомеаи маданӣ хостори озодии рӯзноманигори зиндонӣ дар Тоҷикистон

Ҷомеаи мадании Тоҷикистон хостори озодии Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонӣ шуд.

Эътилофе аз ҷомеаи мадании Тоҷикистон бо интишори баёнияе хостори озодии Далер Шарифов- рӯзноманигори ба як сол зиндон маҳкум шудаи тоҷик шуданд.

Ба нақл аз сомонаи эътилофи мубориза бо шиканҷа ва поймолсозии қонун дар Тоҷикистон, дар ин баёния бо ибрози нигаронӣ аз ин ки Далер Шарифов ба хотири дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои мазҳабии мардуми Тоҷикистон ба як сол зиндон маҳкум шудааст, эълом кард: Ин иқдоми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба унвони таъқиби ин рӯзноманигор барои афкораш арзёбӣ мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрел Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавон ва шинохташудаи ин кишварро ба иттиҳоми барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум кард.

Аммо дар баёнияи эътилофи мубориза бо шиканҷа ва поймолсозии қонун дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ҳануз дар моҳи августи соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда буд, ки шароити фаолияти озодонаи рӯзноманигорони мустақил ва кормандони расонаҳои хабариро фароҳам созад то ин афрод ба хотири тафаккуроти сиёсӣ ва мазҳабӣ бозхост нашаванд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ба тавсияҳои байналмиллалӣ таваҷҷуҳ намекунанд, аз сӯи дигар мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳомоти ин рӯзноманигорро илова бар ҳимоият аз афкори гурӯҳи Ихвонулмуслимин, барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ эълом карданд, ҳамчунин Далер Шарифови 32 сола муттаҳам ба интишори 100 унвон матлаб бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин аз соли 2013  то 2019  бо муҳтавои ифротгарӣ ва барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳбӣ шуд.

Дар ҳоле, ки Далер Шарифов дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртибот додани терроризм бо дини исломро рад ва аз насли ҷавон хостааст, ки ба гурӯҳҳои террористӣ напайванданд.