Тавзеъи моски ройгон бо талоши кормандони яке аз бонкҳои Тоҷикистон
Кормандони яке аз бонкҳои Тоҷикистон моски ройгон тавзеъ карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия -плюс, коркунони бонкӣ дар Тоҷикистон дар иқдоми хайрхоҳона бо унвони "саломатии шумо барои мо арзишманд аст" дар миёни мардум моск тавзеъ карданд.
Афрод пас аз дарёфти моск, билофосила аз онҳо истифода мекарданд, ки ин нишондиҳандаи таъсиргузорӣ ва истиқболи мардум аз ин иқдом буд.
Коркунони ин бонк низ замони тавзеи моск тамоми иқдомоти эҳтиётии лозимро барои муҳофизат аз ибтило ба вируси карона риоят карданд.
Ҳамчунин дар ин бонк комиссияи махсуси замонҳои изтирорӣ барои пешгирӣ аз шуюи каронавирус ташкил шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани масофа ва пешгирӣ аз монеа, бонк ба мизоҷон маслиҳат дод, ки аз хизматрасониҳои дурдаст истифода баранд.