Пешгӯии баланд шудани ҳарорати ҳаво дар аксари манотиқи Тоҷикистон
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар аксари манотиқи ин кишвар баланд шудани ҳарорати ҳаворо пешбинӣ кард.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз хадамоти пешбинии ҳавошиноси Тоҷикистон, ин ҳафта ҳавои офтобӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст ва дамои ҳаво дар кишвар ба 30 дараҷаи сантиград болои сифр хоҳад расид.
Дар шаҳри Душанбе низ осмон дар бештарин манотиқ абрӣ пешбинӣ шудааст ва дамои ҳаво дар рӯз аз 26 то 28 дараҷаи сантиград ва дар шаб низ аз 8 то 10 дараҷаи сантиград тағйир меёбад.
Дар минтақаи Хатлон ҳам дамо 30 дараҷаи сантиград болои сифр хоҳад расид.
Осмони минтақаи Суғд низ бидуни бориш, абрӣ ҳамроҳ бо вазиши бод хоҳад буд ва дамои ҳаво дар шаб аз 9то 14 дараҷаи сантиргад болои сифр ва дар рӯз аз 25 то 30 дараҷаи сантиград болои сифр тағйир меёбад.
Дар Бадахшон ҳам баъд аз зуҳр дараҷаи ҳарорат то 21 дараҷаи сантиград афзоиш дорад.