Ба ҳуш омадани Озарахш пас аз чанд рӯзи беморӣ
(last modified 2020-04-21T16:14:55+00:00 )
Апрел 21, 2020 21:14 Asia/Dushanbe
  • Ба ҳуш омадани Озарахш пас аз чанд рӯзи беморӣ

Наздикони Озарахш шоири саршиноси Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи "Паёми суғд" аз беҳбуди нисбии вазъи ҷисмонии вай хабар дода гуфтанд, ки пас аз чанд рӯзи беморӣ, ӯ ба ҳуш омадааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба наҷл аз сомонаи Топ ТҶ Фараҳманд Каримов бародарзодаи Озарахш гуфтааст, амуяш пас аз чанд рӯзи беҳушӣ худро боз кард, ки ин мавзҳъ сабаби хушҳолии наздикон гардид. 

Бо ин ҳол Озарахш ҳанӯз ба дастгоҳи танаффуси маснӯӣ васл мебошад. 

Қаблан масъули раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд бо тайиди карантин шудани ду шоири саршиноси Тоҷикистон, ибтилои оно ба Ковид-19 рад карда буд. 

Маъруфҷон Ҳоҷибоев дар посух ба матолиби мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи карантин шудани Фарзонаи Хӯҷандӣ ва Толлиб Озарахш ду шоири машҳури тоҷик, ки зану шавҳар ҳастанд, гуфта буд Озарахш ба далили мушкилоти танаффусӣ ва таби боло дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ аст ва хонум Фарзона танҳр барои парастории шавҳараш дар ин бемористон ҳузур дорад. 

Ба гуфтаи ин мақоми беҳдоштии вилояти Суғд ҳеҷ ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад ва вазъияти Толиби Озарахш акнун ризоятбахш аст.