Апрел 22, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
  • Партоби мушакҳои зиддижола дар ду минтақаи Тоҷикистон

Воҳидҳои низомии Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хисорати жола ба боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ дар ду минтақаи ин кишвар мушакҳои зиддижола партоб кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи Ховар, ба манзури муқобила бо хатароти эҳтимолии бориши жола дар ноҳияҳои Ҳисор ва Хуросон, 9 мушаки навъи " Алазан" партоб шуд, ки жоларо ба борон табдил кард ва хисороти эҳтимолӣ бар боғҳо ва заминҳои кишоварзии ин ду минтақа бартараф шуд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола барои ҷилавгирӣ аз пайёмадҳо ва зиёнҳои фаровони бориши жола ба бахши кишоварзии ин кишвар садҳо мушак партоб мешавад.

Ин мушакҳо аз тӯпҳои даврзан, ки дар баландиҳои кӯҳистонӣ мустақар шудааст партоб мешавад.

Мушакҳои Алазан ҳангоми бархурд бо абрҳои жолазо ба далели доштани ҳарорати боло заминаи табдил шудани ин жолаҳо ба боронро фароҳам месозанд.

Воҳидҳои низомии Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон масъули партоби мушакҳои Алазан  ҳастанд.