Ҳузури тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ - ҳадафи аслии Федератсияи футболи Тоҷикистон
(last modified Wed, 22 Apr 2020 13:03:20 GMT )
Апрел 22, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ - ҳадафи аслии Федератсияи футболи Тоҷикистон

Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ҳадафи аслии тими миллӣ ширкат дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2026 аст.

Ба гузориши “Спутник” ва сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ гуфт, ба далели сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербиноӣ ва поя дар футболи Тоҷикистон, истиқбол аз ин варзиш дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт, бо барномарезиҳои иҷрошуда ва бо истифода аз пешкисватони футболи кишвар истеъдодҳои футболи поя дар кишвар низ шиносоӣ шудааст. Вай афзуд: “Мо умедворем, ки ин насли тилоӣ битавонад ба мо дар расидан ба рӯъёҳоямон кумак кунад. Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба ишқи вижаи тоҷикҳо ба футболи Испания ишора кард, ки барои шаҳрвандони одӣ ва ҳаводорон “манбаи илҳом” аст.