Талоши коршиносони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз авоқиби вуқӯи сел
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52950-Талоши_коршиносони_Кумитаи_ҳолатҳои_изтирории_Тоҷикистон_барои_ҷилавгирӣ_аз_авоқиби_вуқӯи_сел
Коршиносони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз авоқиби вуқӯи сел талош мекунанд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 22, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Талоши коршиносони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз авоқиби вуқӯи сел

Коршиносони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз авоқиби вуқӯи сел талош мекунанд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, иқдомоти умронӣ ва ҳифозатӣ дар канораҳои рӯдхонаи минтақаи Рӯдакӣ барои ҷилавгирӣ аз туғён ва обгирифтагии манозили сокинони наздик рӯдхона иҷро шуд.

Мутахассисон иқдомоти умронӣ ва муқовимсозии рӯдхонаи Элокро, ки аз рустои Зайнабободи бахши Рӯдакӣ убур мекунад, ба ӯҳда гирифтанд. Ин иқдомот бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз авоқиби вуқӯи сел ва обгирифтагиву тахриби манозили рустоиён иҷро шуд.

Коркунон бо истифода аз таҷҳизоти вижа, регу сангро аз савоҳили рӯдхона хориҷ ва рӯдхонаро низ лойрубӣ карданду блокҳои сементиро барои ҷилавгирӣ аз туғёни рӯхона дар канораҳои он қарор доданд.

Аз ибтидои сол дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳодисаи табиӣ рух додааст.