Апрел 23, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Карантинаи муовини раиси Ҳизби Халқи Демакрат ва 35 корманди Бонки миллии Тоҷикистон

Муовини раиси Ҳизби Халқи Демакрати Тоҷикистон ва 35 корманди Бонки миллии ин кишвар карантина шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Хайринисо Юсуфӣ муовини Имомалӣ Раҳмон дар Ҳизби ҳокими Халқи Демократи Тоҷикистон ва духтараш дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе карантина шуданд.

Гуфта мешавад,ки Хайринисои Юсуфӣ бо Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Озарахш ду шоири машҳури тоҷик ,ки зан ва шавҳар ҳастанд ва дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон бистари шуданд .

Ҳамчунин 35 корманди Бонки миллии Тоҷикистон ҳам карантина шуданд ва ҳануз иллати бистарии ин афрод эълон нашудааст.

Муҳаё Нозимзода рӯзноманигори тоҷик низ аз таътилии мадрасаи вижаи донишомӯзони истеъдодҳои дурахшони шумораи як шаҳри Душанбе хабар дод.

Ӯ иллати таътилии мадрасаро вафоти Хуршед Каримов муалими тарбияти ҷисмонии маркази омӯзишӣ ба далели илтиҳоби шуш эълон кард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, то 22 апрел дар ин кишвар ҳеҷ мавриди мубтало ба Карона эълон нашудааст.