Паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон
Апрел 23, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёме фаро расидани моҳи Рамазонро ба мардуми кишвар табрик гуфт .
Ба гузориши Садои Хуросон Имомалӣ Раҳмон дар ин паём ,ки расонаҳои расмии Тоҷикистон онро эълон карданд, ибтидо аҳамияти моҳи Рамазонро ёдовар шуд ва ҳамагонро ба амали савоб дар ин моҳ фаро хонд.
Имомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин паём аз мардуми кишвар хост усули беҳдоштиро дар моҳи Рамазон барои пешгирӣ аз шуюи Карона риоят кунанд.
Фардо ҷумъа 24 апрел дар Тоҷикистон нахустин рӯзи моҳи Рамазон аст.