Апрел 24, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тардиди намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз набуди вируси корона дар Тоҷикистон

Намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон эълом кард, ки наметавонад ба таври қатъӣ вуҷуд надоштани вируси корона дар ин кишварро таъйид кунад.

Галина Перфилева ба рӯзномаи русии “Коммерсант” гуфтааст, ки то ба ҳол мавриди таъйидшудаи вуҷуди вируси корона дар Тоҷикистон дар озмоишҳои пизишкӣ мушоҳида нашудааст, аммо намешавад ба таври қатъӣ эълом кард, ки ин вирус ба Тоҷикистон нарсидааст, зеро дар ин кишвар ба далели маҳдудияти имконот, ғирболгарии саросарии ҷамъият ғайримумкин мебошад.

Вай афзуд, ҳамчунин ба далели қатъи парвозҳо бо хориҷ заминаи ирсоли натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда дар озмоишгоҳҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба берун аз ин кишваруҷуд надорад.

Ба гуфтаи намояндаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ борҳо аз ҳукумати ин кишвар дархост кардааст, ки аз баргузории ҷашнҳо ва таҷаммӯот дар ин шароит ҷилавгирӣ кунад, ки мутаассифона ин ҳушдорҳо нодида гирифта шуд.

Галина Перфилева аз сафари мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда барои баррасии авзои мубориза бо вируси корона хабар дод.

 

Барчасп