Ибтилои 5023 нафар аз оғози имсол то кунун ба бемориҳои танаффусӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53004-Ибтилои_5023_нафар_аз_оғози_имсол_то_кунун_ба_бемориҳои_танаффусӣ
Аз оғози имсол то кунун, 5023 нафар дар Тоҷикистон ба бемориҳои танаффусӣ мубтало шудаанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 25, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои 5023 нафар аз оғози имсол то кунун ба бемориҳои танаффусӣ

Аз оғози имсол то кунун, 5023 нафар дар Тоҷикистон ба бемориҳои танаффусӣ мубтало шудаанд.

Ба нақл аз Спутник, Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар семоҳаи аввали соли гузаштаи мелодӣ, 5192 нафар ба бемориҳои шадиди танаффусӣ мубтало шуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Дар семоҳаи аввали соли 2020, ҳудуди 1137 нафар ба бемории сил мубтало шуданд, ки ин теъдод дар муддати мушобеҳи соли гузашта  2121 нафар буд.

Тибқи гуфтаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо баррасии вазъияти эпидемиологии бемориҳои уфунӣ дар кишвар, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳеҷ мавриде аз ибтило ба бемориҳои хатарнок, монанди малярия, онфулонзо, вабо ва тоун (оспа) дар кишвар сабт нашудааст.