Апрел 25, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Фавти генерал Абдулло Ҳабибов аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон

Генерал Абдулло Ҳабибов аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон даргузашт.

Ба нақл аз Спутник, Генерал Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ ва раиси Анҷумани дӯстии Русияву Тоҷикистон даргузашт. 1 май ӯ ба синни 80 мерасид.

Ба қавли наздикон, ӯ сиҳатии хуб дошт ва пушти кору бори худ буд, аммо тақрибан соати 12 - и шаб вазъаш ба вахомат гароид ва ҷон ба ҷонофарин таслим намуд.

Генерал – майор Абдуллоҳ Ҳабибов 1 майи соли 1940 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Муӯъминободи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) дида ба олам гушуда, мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм карда, маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистон ба даст овардааст.

Абдулло Ҳабибов аз соли 2006 ба ин сӯ як Анҷуман ё Ҳаракати дӯстони Русияро раҳбарӣ мекард ва соли 2014 раҳбари Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ – “Рушди Авруосиё” низ интихоб шуда буд.