Апрел 25, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани муваққати содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон аз мамнуияти муваққати содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба хориҷ хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, дар баёнияи ин ситод таъкид шудааст, ки ба манзури таъмини амнияти ғизоӣ ва ниёзи бозори дохилии Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзии тавлидшуда дар ин кишвар ба хориҷ ба таври муваққат мамнуъ мешавад.

Ин мамнуият шомили орд ва гандум, ҳубубот, биринҷ, тухми мурғ, картошка ва тамомии анвои намуди гушт мешавад.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки аксари  маҳсулоте, ки содироти онҳо ба хориҷ мамнуъ шуда аз ҷумла орд ва гандум, биринҷ, тухми мурғ ва картошка аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегардад.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи ду моҳи ахир ба далели маҳдудияти воридот ва баста шудани марзҳои Тоҷикистон бо хориҷ анвои маводди ғизоӣ аз ҷумла орд ва гандум, биринҷ, тухми мурғ, равғани растанӣ ва картошка ба шиддат гарон шуд.

 

Барчасп