Корона Лигаи футболи Тоҷикистонро ба ақиб андохт
(last modified Sun, 26 Apr 2020 09:51:28 GMT )
Апрел 26, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Корона Лигаи футболи Тоҷикистонро ба ақиб андохт

Мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон ба муддати ду ҳафта ба ақиб афтод.

Ба нақл аз Рейтерз, Тоҷикистон рӯзи якшанбе эълом кард: Мусобиқоти футбол дар ин кишвар то 10 май ба таъвиқ хоҳад афтод.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки давлати Тоҷикистон эълом кард қасд дорад то он таърих, иқдомоти пешгиронаеро дар дастури кори худ қарор диҳад.

Бино бар эъломи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин тасмим аз рӯзи душанбе  27 апрел ба иҷро гузошта хоҳад шуд ва мусобиқоти имрӯз ҳамчунон бидуни тамошогар баргузор мешавад.

Тоҷикистон, ки бо Чин ҳаммарз аст то кунун ҳеҷ мавриде аз ибтило ба вируси коронаро гузориш накардааст.

Давлати Тоҷикистон рӯзи шанбе аз таътилии мактабҳо ба муддати ду ҳафта ва мамнуъияти воридоти бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод.

 

Барчасп