Апрел 27, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон аз ба замони дигар афтодани рӯзадорӣ

Дар пайи суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди зарурати ба замони дигар мунтақил кардани айёми рӯзадории кишоварзон ва домдорон ва дигар шуғлҳои пурмашаққат, Шурои уламои маркази исломии ин кишвар низ аз ин тасмим ҳимоят кард.

Ба нақл аз сомонаи Ислом-Ниоюз, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати фарорсии моҳи мубораки Рамазон таъкид карда буд, ки ба далели зиёновар будани таҳаммули гуруснагӣ ва ташнагии сахт барои кишоварзон ва домдорон ва дигар шуғлҳои пурмашаққати ин афрод бояд рӯзаи худро дар замони дигар ва ғайр аз моҳи мубораки Рамазон бигиранд.

Ба думболи ин суханони Раҳмон, Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ бо интишори баёнияе бо ҳимоят аз ин тасмим таъкид кардааст, ки барои эмин мондан аз вируси корона, оддӣ шудани вазъият ва ҳифзи масунияти ҷисми хеш мусулмонон метавонанд дар замони дигар ва ғайр аз моҳи мубораки Рамазон рӯзаи қазо бигиранд.

Ин тасмим бо интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мухталифи хабарӣ ва таҳлили бархе аз кишварҳои исломӣ рӯбарӯ гардидааст.

Мунтақидон мегуянд, ки Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон бидуни дар назар гирифтани шароити рӯзадории мусулмонон, ки фақеҳони исломӣ дар бораи он иттифоқи назар доранд, аз суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

Аз дидгоҳи мунтақидон то замоне, ки мақомоти расмии Тоҷикистон мегуянд дар ин кишвар ҳеҷ мавриди мубтало шудан ба вируси корона мушоҳида нашуда, тарсондани мардум аз ин беморӣ ва даъват ба доштани қазои рӯза дар ғайр аз моҳи мубораки Рамазон чи маъно дорад?

 

Барчасп