Мизони хасорати манъи муваққати содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Apr 2020 08:46:39 GMT )
Апрел 27, 2020 13:46 Asia/Dushanbe
  • Мизони хасорати манъи муваққати содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Мизони содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 33 миллион доллар будааст, ки бо таваҷҷуҳ ба номаълум будани муддати манъи содироти ин маҳсулот ба хориҷ ба сабаби шуйюи вируси корона, давлати Душанбе мумкин аст имсол аз ин маблағ маҳрум шавад.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19  эълом кардааст, ки ба манзури таъмини амнияти ғизоӣ ва ниёзи бозори дохилии Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзии тавлидшуда дар ин кишвар ба хориҷ аз рӯзи 25 апрел ба таври муваққат манъ шудааст.

Ин мамнуият шомили маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка мешавад.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар соли 2019 мизони умумии маводди ғизоии содиротӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ беш аз 33 миллион доллар буда, ки баробар бо 2.8 дарсад аз ҳаҷми кулли содироти солонаи ин кишвар аст.

Бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон дар соли 2019 маҷмӯи асосии маҳсулоти содиротии ин кишвар, ки шомили сабзавоту мева, чой, биринҷ, гандум ва дигар зироати полезиву ғалладона мешавад, 27 миллион доллар ё 2.3 дарсадро ташкил кардааст.

Ҳамчунин оби мева, ҳасиб ва дигар маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ ба маблағи панҷ миллиону 100 ҳазор доллар баробар бо 0,4 дарсад , маҳсулоти соҳаи чорвордорӣ гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайра  ба маблағи 999 ҳазор доллар яъне 0,1 дарсад  ва чарбу ва равғани рустаниву ҳайвонот ба маблағи 129 ҳазор доллар баробар бо 0,01 дарсад аз ҳаҷми кулли содиротро ба худ ихтисос додааст.