Такзиби ахбори шуюи бемориҳои ҳоди танаффусӣ байни зиндониёни Тоҷикистон
(last modified 2020-04-27T14:08:25+00:00 )
Апрел 27, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ахбори шуюи бемориҳои ҳоди танаффусӣ байни зиндониёни Тоҷикистон

Вазорати додгустарии Тоҷикистон шуюи бемориҳои ҳоди танаффусии байни зиндониёнро такзиб кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Мансурҷон Умаров, раиси идораи иҷроияи аҳкоми қазоии Вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфт: 20 зиндони то кунун ба бемории варам ва уфунати танзилит мубтало шуданд.

У ахбори марбут ба ибтилои зиндониёни Тоҷикистон ба бемории коронаро такзиб кард.

Мансурҷон Умаров гуфт: дар зиндони Душанбе ва Ваҳдат ҳудуди 40 зиндонӣ ба марокизи дармонӣ муроҷиат карданд, ки аз ин теъдод ҳудуди 20 нафар ба муддати ду то се рӯз дар бемористон бистарӣ буданд.

Раиси идораи иҷроияи аҳкоми қазоии Вазорати додгустарии Тоҷикистон афзуд: 20 зиндонӣ ба иллати доштани таб дар бемористон бистарӣ шудан ва муоина мушаххас кард, ки иллати таби онҳо гулӯдарди чиркӣ аст. 

У гуфт: ин зиндониён дар моҳи Рамазон рӯза мегиранд ва асрҳо ҳангоми ифтор аз оби сард истифода мекунанд ва ин боиси гулӯдарди онҳо шудааст.

Вай тавзеҳ дод ҳама зиндониён ба сурати муназзам муоина мешаванд ва то кунун ӯеҷ мавриде аз ибтило ба зукоми сахт ё илтиҳоби шуш дар байни зиндониён мушоҳида нашудааст.