Апрел 28, 2020 08:27 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 20 дарсадии маводди минералӣ аз мизони воридоти Тоҷикистон

Ҳудуди 20 дарсад аз мизони воридоти Тоҷикистон маводди минералӣ аст.

Ба нақл аз Авесто  ва Вазорати  тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон,  дар се моҳаи аввали соли 2020, саҳми воситаҳои нақлиёт дар воридот  8 дарсад (баробар бо 78 миллион доллар) ва маводди минералӣ 20 дарсад (баробар бо 168 миллион доллар) будааст.

Ҳамчунин дар ин муддат, воридоти  воситаҳои нақлиёт дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 7 дарсад  коҳиш ёфтааст.

Аммо мизони воридоти  маводди минералӣ  16 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Фаровардаҳои нафтӣ, ангишт, санги конӣ ва консентратсия аз муҳимтарин маҳсулоти минералии воридотӣ ба Тоҷикистон аст.