Амалисозии 85 дарсадии даъвати ҷавонони Тоҷикистон ба артиш
Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар Тоҷикистон 85 дарсад амалисозӣ шуд.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт: 20 то 30 дарсад аз ин афрод фарзандони кормандони давлат ҳастанд.
Ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, Ориф Нозимиён гуфт: Имсол истиқболи ҷавонон аз даъват ба артиш дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 30 дарсад бештар будааст.
Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти худмухтори Бадахшон ҷазби ҷавонон ба сафи артиш 100 дарсад, вилояти Хатлон 90 дарсад, Суғд 70 дарсад ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон 95 дарсад иҷроӣ шудааст.
Пеш аз ин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки фарзандони вазирон, намояндагони маҷлис ва кормандони баландпояи давлат ба хидмати артиш ҷазб шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2019 гуфт: Фарзандони аъзои ҳукумат, намояндагони парлумон, раисони шаҳр ва фармондорон ҳам бояд ба артиш ҷазб шаванд, зеро тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари қонуни асосӣ баробар ҳастанд ва мақомоти давлатӣ бояд барои дигар қишрҳои ҷомеа намунаи пойбандӣ ба қавонин бошанд.