Апрел 28, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Дастаи волейболи вилояти Бадахшон - қаҳрамони волейболи бонувони Тоҷикистон

Дастаи волейболи бонувони вилояти Бадахшон қаҳрамони волейболи Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи варзишии Тоҷикистон, ин мусобиқот аз 20 то 24 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот 7 даста аз манотиқи мухталифи кишвар бо ҳам рақобат карданд,ки дар он дастаи волейболи вилояти Бадахшон мақоми аввалро касб кард.

Дастаи волейболи бонувони шаҳри Душанбе мақоми дуввум ва дастаи остони Суғд мақоми саввумро ба даст оварданд.