Апрел 29, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020 ва расидани он ба 1. 7 дар сад хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, ба далели коҳиши рушди иқтисоди Русия ва кам шудани мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон интизор меравад,ки сурати рушди тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар соли ҷори ба 1 ва зафт даҳуми дар сад бирасад.

Агар чи ҳукумати Тоҷикистон барои имсол рушди 7. 8 дар сади барои иқтисод ва беш аз се дар садиро барои тавлиди нохолиси миллии ин кишвар пешбинӣ кардааст, акнун ба ақидаи коршиносон расидан ба ин шохис ба далели густариши вируси Карона ва таътилии касбу корҳо ғайри мункин хоҳад буд.

Манбаъи умдаи фаолияти бозори дохилии Тоҷикистон даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия аст,ки коҳиши ин даромад муҷиби коҳиши қудрати хариди мардум, боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва маҳсулоти санатӣ мегардад ва ин авомил низ коҳиши шадиди бахши даромадии будҷаи ҳукумат аз ҳисоби фаолияти бахшҳои ҳамлу нақл ва гардишгариро дар пай хоҳад дошт.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли ҷори ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин кишварро 87 миллиарду 400 миллион сомонӣ ( муодили  ҳашт миллиарду 500 миллион доллар ) таъийн кардааст.